Хабарҳо

ҲУШДОР: АЗ 10 ТО 16 МАЙ ҲАВО ДАР ТОҶИКИСТОН ПУРБОРОН ХОҲАД ШУД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон, дастикам то поёни ҳафтаи рафон, яъне аз 10 то 16-уми моҳи майи соли 2022 дар қаламрави ҷумҳурӣ обу ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Боронҳои пуршиддат, шамоли сахт, жола, раъду барқ метавонанд як муддати ба зиндагии сокинон мушкилиҳо оваранд.Бар асари ҳавои номусоид дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва навоҳии ғарбии ВМКБ сатҳи об дар рӯдхонаҳо метавонад якбора боло шавад, хатари селҳои харобкор, лағзиши тарма, ярч, резиши санг вуҷуд дорад.Дар ин иртибот Кумита ба такрор аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, чораҳои бехатарӣ андешанд ва муваққатан аз рафтан барои ҷамъоварии ҳезуму алафҳои дорувор (чукрию рошаку сиёҳалаф), занбурӯғ (хоч), чорвочаронӣ, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ намоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button