ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Тамошои Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои як шаб ройгон мешавад

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барномаи анъанавии “Шабе дар Осорхона” баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 10 мая — Sputnik. Тавре аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон хабар додаанд, ки барномае “Шабе дар Осорхона” санаи 18 май, аз соати 18:00 то 23:00 баргузор мешавад.

Манбаъ иттилоъ додааст, ки барномаи имсола аз солҳои гузашта фарқ дошта, дар он 18 барномаи фарҳангӣ барои гурӯҳҳои тамошобинон, хурдсолон, наврасон, ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа доир мешавад.

“Иқдоми баргузории барномаи фарҳангию фароғатии “Шабе дар осорхона” ба ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба таъриху фарҳанги мамлакат, боло бурдани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, бедор намудани ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди насли наврас ва ҷавон равона гардидааст”, — таъкид доштааст масъулини Осорхонаи миллӣ.

Ташкилкунандагони барномаҳои фароғатӣ Ҳукумати Тоҷикистон, мақомоти шаҳри Душанбе ва Осорхонаи миллӣ мебошанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button