Хабарҳо

ВИДЕО 18+: МУҲОҶИРИ ТОҶИК КӮДАКЕРО, КИ АЗ ҚАБАТИ ШАШУМИ БИНО АФТОД, НАҶОТ ДОД

Шоми душанбе, 2 майи соли 2022 дар шаҳри Ногински вилояти Маскав, воқеъ дар тақрибан 50-километрии шаҳри Маскав ҳодисаи рӯй дод, ки ба мӯъҷиза шабоҳат дорад. Дар инҷо дар байни чанд дақиқа аз тирезаи қабати шашуми бинои истиқоматӣ ду кӯдак: ду бародари яке сесола ва дуюмӣ дусола ба замин афтоданд ва ҳарду зинда монданд. Бо вуҷуди афтодан аз чунин баландӣ ҳатто дасту по ё ягон қабурғаи ин ду кӯдак нашикастааст. Ба гуфтаи шоҳидон, аввал тифли хурдии дусола рост ба рӯи замин афтод, вале аввал як кондитсионери насбшуда дар қабати чорум ва сипас замини мулоим боис шуданд, ки ӯ ягон осеби ҷиддӣ бардорад. Баъди чанд дақиқа бародари калонии ӯ ҳам аз қабати шашум сарозер шуд, вале дар зери тиреза алакай мардуми зиёд ҷамъ шуда буд ва як муҳоҷири тоҷик тавонист кӯдаки афтодаро бо дастонаш бидорад ва аз афтидан ба замин наҷот бидиҳад.Муҳоҷири тоҷик аз суҳбат бо журналистон худдорӣ карда, гуфтааст, ки як вазифаи инсонии худро иҷро карда буд, ки кирои гуфтан намекунад. Бино ба иттилои дарёфтӣ ин марди тоҷик дар яке аз ширкатҳои коммуналии Ногинск кор карда, ҳамроҳи ҳамватанҳояш дар берун аз шаҳр дар як дача (бӯстонсаро) иҷора мешинад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button