Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

Сарвазири Канада гуфт, ба Украина ёрии бештар медиҳанд

Сарвазири Канада пас аз мулоқот бо раисҷумҳури Украина, Владимир Зеленский, гуфт, кишвараш ба Киев аслиҳа ва таҷҳизоти бештар медиҳад.

Ҷастин Трюдо рӯзи 8-уми май бо Зеленский дар Киев дидор кард.

Вай инчунин гуфт, Канада алайҳи ширкат ва шахсони алоҳида дар Русия таҳримҳои нав ҷорӣ мекунад.

Нахуствазири Канада дар нишасти хабарияш афзуд, ин кишвар сафораташро дар Киев дубора мекушояд. «Канада 25 миллион долларро ҳамчун мадад ба Украина дар ихтиёри Барномаи Ҷаҳонии Ғизо хоҳад гузошт,» — афзуд Трюдо.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button