Хабарҳо

“ИСТИҚЛОЛ” БОРИ 11-УМ БАРАНДАИ ШОҲҶОМИ ТОҶИКИСТОН ШУД

Рӯзи 8 майи соли 2022, бошгоҳи “Истиқлол” –и Душанбе бар дастаи “Хуҷанд” бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада, бори дигар барандаи Шоҳҷом ё Суперкубоки футболи Тоҷикистон шуд. “Истиқлол” инак бори 11- ум барандаи ин ҷоми муътабари футболи кишвар шуд.Ин бозӣ дар варзишгоҳи “ТАЛКО-Арена” дар шаҳри Турсунзода дар ҳузури 5600 тамошобин баргузор гардид.Голи ягонаеро, ки пирӯзии “Истиқлол” –ро таъмин кард, дар дақиқаи 84-уми бозӣ Рустам Соиров ба дарвозаи “Хуҷанд” ворид кард. Бо вуҷуди танҳо дар дақиқаи 64-ум ба майдон баромаданаш, Рустам Соиров бозигари беҳтарини ин бозӣ низ дониста шуд.“Истиқлол” қаблан дар солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019, 2020 ва 2021 Шоҳҷоми футболи Тоҷикистонро ба даст оварда буд. Дар 13 соли охир танҳо ду маротиба: дар солҳои 2013 ва 2017 “Истиқлол” натавонист ин ҷомро ба даст биорад.Соли 2021 “Истиқлол” баъди пирӯзӣ бар “Равшан” –и Кӯлоб бо ҳисоби 2:0 барандаи Шоҳҷоми Тоҷикистон шуда буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button