Хабарҳо

ҚАДАМИ ҚУРБОН ГУФТ, 4 МОҲ БОЗ БЕМОРИ БИСТАРИСТ ВА БАРОИ ТАБОБАТ БА ПУЛ НИЁЗ ДОРАД (ВИДЕО)

Қадами Қурбон, овозхон ва ширинкори халқӣ аз ҷамоати Чагами ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (собиқ Шӯрообод), ба бемории сахт гирифтор шудааст ва барои табобат дар хориҷ аз Тоҷикистон ба кумаки молиявии мухлисонаш эҳтиёҷ пайдо кардааст.Қадами Қурбон дар суҳбат бо гуруҳи “Арабшо” нақл кардааст, ки чор моҳ боз бо ҷогаҳу ҷома хоб аст ва аз дарди қисмати рости шикамаш чунон менолад, ки ҳатто дуруст хеста ё нишаста наметавонад. Ӯ гуфтааст, табибони ҷумҳурӣ то ҳол натавонистаанд бемориашро мушаххас кунанд ва тавсия додаанд, ки барои ташхису табобат ба хориҷ биравад.Ҳамсари Қадами Қурбон ашк дар чашм нақл кард, ки 4 моҳ боз ҳатто шакар надоранд ва нонро дар чой тар карда мехӯранд. Қадами Қурбон аз он шиква кардааст, ки пеш шумораи дӯстонаш дар калкулятор намеғунҷид, вале баъди аз по афтоданаш дид, ки дӯсте ҳам қариб надоштааст, чунки аз он хайли бузург имрӯз тақрибан касе ба аёдаташ намеояд.Онҳое, ки Қадами Қурбонро мешиносанд, мегӯянд, ӯ як одами содаву зудбовар аст ва аз ин рӯ, дигарон аз ҳисоби видеоҳои ӯ дар Интернет миллионҳо тамошобин ҷамъ оварданду ба худи Қадам аз ин ҳама шуҳрати таронаҳову видеоҳояш тақрибан ягон дирам ҳам нарасидааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button