Хабарҳо

МАРЗБОНОНИ ӮЗБЕК БОЗ СЕ ШАҲРВАНДИ ҚИРҒИЗИСТОНРО ПАРРОНДАНД

Рӯзи 5 майи соли 2022, дар марзи Ӯзбекистону Қирғизистон дар мавзеи Добо –Қӯрғони ҷамоати Актами ноҳияи Ала-Буқаи вилояти Ҷалолод марзбони ӯзбек ба зидди се шаҳрванди Қирғизистон аз силоҳ истифода бурда, ҳарсеро куштаанд.Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, шаҳрвандони Қирғизистон А.К., соли таваллудаш 1974., А.Ж., соли таваллудаш 1998 ва А.Ж., соли таваллудаш 2000 бо ҷароҳатҳо аз силоҳи оташфишон ба бемористони ноҳияи Ала-Буқа интиқол дода шуданд, вале табибон натавонистанд онҳоро наҷот диҳанд. Ҳарсе ба ҳуш наомада, дар бемористон ҷон додаанд.Дар як моҳи охир алакай 5 шаҳрванди Қирғизистон аз тири марзбонони ӯзбек кушта шуданд. Тавре қаблан хабар додем, рӯзи 5 апрели соли 2022 дар марзи Ӯзбекистон бо Қирғизистон а, марзбонони ӯзбек ду сокини Қирғизистонро парронданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button