ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Орд арзон мешавад? Дар Суғд майдони кишти гандумро зиёд карданд

ДУШАНБЕ, 5 май – Sputnik. Соли ҷорӣ ҳаҷми майдони кишти ғалла ба 80 ҳазор гектар расонида шуд. Дар ин бора аз шуъбаи растанипарварии Сарраёсати кишоварзии Суғд ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Абдуазиз Маҳмудзода, мудири шуъбаи Сарраёсати кишоварзии Суғд гуфт, ки нисфи зиёди ин майдони зироатро кишти гандум ташкил медиҳад.

«Аз майдони умумии кишт чиҳил ҳазор гектор ҷав ва чиҳил ҳазор гектори дигар гандум мебошад», — афзуд Маҳмудзода.

Ин масъули кишоварзии Суғд мегӯяд, ин танҳо омори бахши ҷамъиятӣ, яъне хоҷагиҳои кишоварзӣ аст ва масоҳати умумии ғалладонигиҳо, ки сокинон дар заминҳои лалмӣ ва заминҳои наздиҳавлигӣ кишт намудаанд, дар моҳҳои июн ё июл маълум хоҳад шуд.

Номбурда бо истинод ба маълумоти омории идораи кишоварзӣ гуфт, замини кишти гандуми баҳорӣ дар муқоиса ба соли гузашта 3 ҳазор га зиёд ва ба 18 ҳазор га баробар шудааст.

Майдони кишти гандуми тирамоҳӣ 22 ҳазор га рақам зада мешавад. Соли гузашта аз майдони 38 ҳазор га гандум 123 ҳазор тонна ҳосил ба даст оварда шудааст. Бо фарох намудани замини кишти гандум кишоварзони Суғд ҳосили бештар аз соли гузашта умедворанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button