ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Сокини Рӯдакӣ барои озори ҷавондухтари роҳгузар ҳабс шуд

ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Дар Душанбе боз як ҷавон барои озор додани як духтари роҳгузар ҷазо гирифт.

Ба иттилои Раёсати Вазорати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе, унвонии ин ниҳод як сокини пойтахт акси мошин ирсол намуда, аз кормандони милиса дархост намуд, ки нисбати ронандаи худрав чораҷӯӣ сурат гирад.

Ба таъкиди муроҷиаткунанда, ронанда ҳангоми ҳаракат дар роҳ бетартибӣ намуда, нисбати як ҷавондухтари роҳгузар беэҳтиромӣ карда, ӯро мавриди масхара қарор додааст.

Манбаъ меафзояд, пас аз қабули шикоят кормандони милиса ронадаи «духтарозор»-ро муайян ва дастгир намуданд. Номбурда сокини 24-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, деҳаи Меҳробод будааст.

Зимни бозпурсӣ мавсуф ба кирдори содирнамудаи худ иқрор шуд ва изҳори пушаймонӣ намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button