Хабарҳо

ДИДОР ДАР ҚИЁМАТ, БАЧАҶОН! МУСИБАТ ДАР ОИЛАИ ПРЕЗИДЕНТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Иброҳимҷон, абераи хурдсоли президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар моҳи Рамазон вафот кардааст. Исмоили Муҳаммадзоир, набераи Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифааш дар Инстаграм хабар дод, ки дар моҳи мубораки Рамазон фарзандаш Иброҳимҷон ба раҳмати Ҳақ пайваст. “Ҳар мусибате, ки ба сари инсон меояд, бо амри Аллоҳи Қодиру Тавоност ва мо бояд ба ҳамаи ин шукргузор бошем. Аз ҷумла фарзанд амонат аз ҷониби Аллоҳ аст. Ба атояш шукрона мекунам ва ба гирифтанаш сабру шикебоӣ. ИншоАллоҳ, умед дорем, ки ҷигарбандам Иброҳимчон дар рӯзи қиёмат шафоаткунандаи мо хоҳад шуд. ДИДОР ТО ҚИЁМАТ, БАЧАҶОН!” — навиштааст Исмоили Муҳаммадзоир дар Инстаграм.Ӯ дар зери ин сӯгворӣ ҳамчунин видеои ҷамъе аз зоирони тоҷикро гузоштааст, ки бо дастгирии молиявии набераи президент ба Ҳаҷҷи умра рафта, ин шабу рӯз дар Макка қарор доранд. Ин зоирон бо изҳори сипос ба Исмоили Муҳаммадзоир барои дасти хайр ва саховатмандиаш дар чунин синни ҷавонӣ, ба ӯ барои ин мусибати сахте, ки дар ин моҳи муборак ба сараш омад, яъне марги ҷигарбандаш, изҳори таслият кардаанд.

https://www.instagram.com/p/Cc9uvYUKRtc/

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button