Хабарҳо

КУМАКИ СОҲИБКОРИ ТОҶИК ФИРДАВС НАИМОВ БА НАЗДИКИ 1000 МУҲОҶИРИ БОЗДОШТШУДА (ВИДЕО+5 АКС)

Муҳаммад Собиров, намояндаи созмони «Тонг жаҳонӣ» (“Дунёи забонҳо”), ки ба ҳимояти ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия машғул аст, ба пойгоҳи хабарии “Бомдоди” хабар дод, ки ҳомиёни ҳуқуқ бо мусоидати хадамоти консулии сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва кумаки молии соҳибкори тоҷики муқими Маскав Фирдавс Наимов дар тӯли моҳи шарифи Рамазон ба наздики 1000 муҳоҷирони дастгиршуда дар боздоштгоҳҳои деҳаи Сахарово дар канори шаҳри Маскав, шаҳри Егоревски вилояти Маскав ва шаҳри Тула ва ҳамчунин ба донишҷӯёни афғонистоние, ки дар донишгоҳҳои шаҳри Маскав таҳсил мекунанд, кумакҳои ғизоӣ бурдаанд.Фирдавс Наимов дар шаҳри Маскав муассис ва мудири кулли ширкати нақлиётии “Русмостранс” мебошад. Ӯро як соҳибкори дастбахайр тавсиф мекунанд, ки ҳамеша ба кумаки муҳоҷирони тоҷик ва ҳамватанҳои ниёзманд мерасад. Вале ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия мегӯянд, Фирдавс Наимов байни мардуми ниёзманд фарқ намегузорад ва нафақат ба ҳамватанони худаш – муҳоҷирон аз Тоҷикистон кумак мерасонад, балки ба ҳар нафаре, ки бо умеди дастгирӣ дарашро мекӯбад, дасти ёрии худро дареғ намедорад.Созмони «Тонг жаҳонӣ» (“Дунёи забонҳо”) моҳи декабри соли 2021 Фирдавс Наимовро “Беҳтарин шахси дастбахайри соли 2021″ эълон карда буд.

https://www.youtube.com/shorts/YonPWmQb1T8

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button