Хабарҳо

БА ЗЕРИ ХОК НЕ, БО МО БИМОНӢ… МАРСИЯИ НИГИНА ВА МУБОРИЗ ДАР МАРГИ ДАМИРБЕК (ВИДЕО)

Бо гузашти қариб се моҳ аз марги фоҷиавии овозхони ҷавони тоҷик Дамирбек Олимов, ду ҳунарманди ҷавон Нигина Амонқулова ва Мубориз Усмонов марсияеро дар марги ӯ бо номи “Ёдгорӣ” сабт ва дар Ютуб нашр кардаанд. Ин таронаро, ки бо як лаҳни пур аз ғам ва зери оҳанги маҳзун иҷро шудааст, дар чанд соати аввал танҳо дар канали Tamoshow дар Ютуб алакай 30 ҳазор нафар тамошо кардаанд.Нигина Амонқулова овозхонест, ки роҳи Дамирбек Олимов ба сӯи қуллаҳои шуҳрат дар эстрадаи тоҷик маҳз аз иҷрои дуэти “Кабӯтар” бо Нигина оғоз ёфта буд.Нигина ва Мубориз дар ин тарона аз ҷумла мехонанд:Қарор ин буд, ки байти нав бихонӣ,Ба зери хок не, бо мо бимонӣ…Дамирбек Олимов шаби 5 феврал дар як садама дар гардиши Боғи миллӣ дар мавзеи Сартӯқай дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷон бохт. Аз ӯ се фарзанд — ду писар ва як духтар — ятим монд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button