ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳ

Пизишкони тоҷик ҷарроҳии нодир анҷом доданд

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон нахустин бор ҷарроҳии эзофагоколопластика бо колофарингоанастамоз гузаронида шуд.

Ин ҷарроҳии нодирро устодони кафедраи онкология, ташхиси шуоӣ ва табобати шуоии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон анҷом додаанд.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо такя ба гузориши Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Иттилоъ дода мешавад, ки ин ҷарроҳӣ аз ҷониби мудири кафедра, доктори илмҳои тиб Равшан Юлдошев ва ассистентҳо Ҷовид Ҷамшедов ва Йигиталӣ Нуриддинов ҳамроҳ бо кормандони дигари ин кафедра гузаронида шудааст.

Ҷарроҳии мазкур бо усули ҳибридӣ, бо бозпайвандии колофарингоанастамоз анҷом дода шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button