Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

Изҳороти тунди Қодиров дар бораи Украина

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Украиниҳо бояд ба худ омада, назорати давлати худро дубора ба даст гиранд. Дар ин бора раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров дар саҳифааш дар Telegram гуфтааст.

Вай таъкид кард, ки Русия алайҳи истиқлоли Киев сиёсати душманонаеро пеш намегирад.

Қодиров гуфт, Украина соли 2014, замоне, ки ниҳодҳои ғарбӣ ва аврупоӣ қудратро дар ин кишвар ба тасарруфи худ гирифта, ба дасти ҳаммаслаконашон супурданд, соҳибихтиёрии худро аз даст дод.

Ба гуфтаи раиси Чеченистон, чунин сенарияҳо барои Русия аз авоили солҳои 1990 ошно буд. Он вақт дар зери шиорҳои баланди озодӣ ва истиҶлолият «Чумҳурии Чеченистон ба платсдарме барои заиф гардондани Русия табдил дода буданд».

Натиҷаи чунин амалҳо бесарусомонӣ ва харобиҳо, бартарияти террористони байналмилалӣ аз беш аз 50 кишвари ҷаҳон ва талафоти фоҷиавии инсонӣ буд, ёдовар шуд Қодиров.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button