Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

Аврупо гази Русияро дубора тақсим мекунад

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Теъдоди дархостҳо барои транзит ва интиқоли гази Русия аз Олмон ба Лаҳистон бештар аз замони қатъи содироти «Газпром» ба Лаҳистон ва Булғористон боқӣ мондааст. Дар ин бора маълумоти системаҳои газгузаронӣ шаҳодат медиҳанд.

Ҳамин тариқ, маълум мешавад, ки гази Русия дар Аврупо дубора тақсим мешавад.

27 апрел «Газпром» содироти газ ба ширкати «Булгаргаз» ва PGNiG-и Лаҳистон ба далели напардохтани интиқол аз рӯи нақшаи нав бо рублро мутаваққиф кард. Аммо чунин иқдом танҳо боиси тақсими дубораи гардиши газ аз Русия шуд.

Интиқол дар долони Ужгород ба сӯйи Словакия ва ҳамзамон аз Олмон ба Лаҳистон низ афзоиш ёфт — таъминкунандагони олмонӣ аз Русия газ мехаранд ва онро ба ҳамсоягони лаҳистонии худ мефурӯшанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button