Хабарҳо

ҶОНОВ САИДАМИД! ТОҶИКҲОРО ШАРМАНДА НАКУН!

Юсуфҷон Аминов, раиси Маркази фарҳангии тоҷикони шаҳри Алмаатои Қазоқистон дар саҳифааш дар Фейсбук аз як шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Ҷонов Саидамид Тӯйчиевич, санаи таваллудаш якуми августи соли 1993, хостааст, ки бо фирори худ тоҷикҳоро шарманда накунад. Юсуфҷон Аминов аз боқӣ тоҷикҳое, ки Саидамид Ҷоновро мешиносанд, низ хостаанд, то ин паёмро ба ӯ бирасонанд, ки бо вай дар тамос шавад.Бино ба нақли раиси Маркази фарҳангии тоҷкони Алмаато, Ҷонов Саидамид дар як ширкати Яндекс мошин ба иҷора гирифта, рӯзи 27 феврали соли 2022 он мошинро дар як тасодуф дар Бурундай (шаҳраки Боралдай дар ҳудуди ноҳияи Илеи вилояти Алмаато) мезанад. Гӯё Ҷонов қоидаҳои роҳро дағалона вайрон карда, ба самти муқобили ҳаракат баромадааст ва дар натиҷа дучори тасодуф шудааст. Баъди он садама ӯ шиносномаашро бо забонхаташ ба дасти соҳиби мошин дода, таъмири мошинро бар зиммаи худ гирифтааст. Ҷонов Саидамид гуфтааст, ба ман 1 моҳ мӯҳлат диҳед, ман мошинро таъмир хоҳам кард. Вале он як моҳ ҳам гузашту аз таъмири мошин дараке нест. Ба болои ин, аз аввали апрел худи Саидамид Ҷонов низ бедарак шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button