Хабарҳо

СЕЛ РОҲИ АЙНӢ – ПАНҶАКЕНТРО БАСТ ВА БА 22 МАНЗИЛУ 48 ГЕКТАР ЗАМИН ЗАРАР РАСОНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки қарибиҳои шоми 23 апрели соли 2022, наздик ба соати 18:10, дар деҳаи Навободи ҷамоати Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд бар асари боронҳои пуршиддати он рӯз сел омада, селроҳаи Завронро аз об пур кард. Дар натиҷа, лойқа пули деҳаро, ки дар километри 64-уми роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент воқеъ мебошад, пӯшонд в роҳро муваққатан баст.Барои рафъи паёмадҳои офат техника ва кормандони вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ сафарбар карда шуда, роҳро пурра аз лойоба тоза кардаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ҳоло ҳаракати мошинҳо ба ду самт дигарбора имконпазир шудааст.Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда ва ҳукумати иҷроияи маҳаллӣ ба ҷойи ҳодиса рафтанд. Маълум шуд, ки ин лойоба ба 48 гектар заминҳои кишоварзии ҷамоати Лоиқ Шералӣ зарар расонда, таҳхонаи 15 хонаи истиқоматии сокинони деҳаи Заврон ва 7 манзили истиқоматӣ дар рустои Навбунёдро пӯшонидааст.Хушбахтона, ин сел талафоти ҷонӣ надошт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button