Хабарҳо

ЯК ҶАВОНИ 18-СОЛАРО ДАР ВОСЕЪ БАРОИ ДУЗДӢ ДАСТГИР КАРДААНД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани як ҳодисаи дуздӣ дар ноҳияи Восеъ ва боздошти як ҷавони 18-сола бо гумони даст доштан дар ин дуздӣ хабар дод. Бино ба иттилои вазорат, ба шуъбаи милитсияи ноӽияи Восеъ бо ариза зани 52-солаи сокини ноӽияи мазкур муроҷиат намуда, хабар додааст, ки аввалҳои моҳи апрели соли 2022, тахминан соати 10:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо молу ашёи рӯзгор ва масолеҳи сохтмониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.Зарари расонидашуда 5 ӽазору 400 сомониро ташкил медиҳад.Ҳангоми гузаронидани чорабиниӽои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини ӽамин ноӽия ӽамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.Оид ба ин ӽолат тафтишот идома дорад.Моддари 244 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои дуздӣ ҳамчун ҷазо аз 2 то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button