Хабарҳо

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН СЕ ДОДРАСРО АЗ МАҚОМ БАРКАНОР КАРД

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20 апрел бо судури як фармон се додрас (судя)-ро аз мақомҳояшон барканор кард. Дар фармон омадааст, ки “Меҳмон Аловиддин Бозгул бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи раиси суди ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад”. Ҳамин тавр Раҳимзода Абдусалим аз вазифаи судяи суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ва Умарзода Ирода Бахтиёр аз вазифаи судяи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо сабаби вазъи саломатӣ озод карда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button