Хабарҳо

ҲОҶӢ МАҲМУДҶОН БОЗ БА ЯК МАЪЮБ ХОНА ТУҲФА КАРД (ВИДЕО)

Нашрияи “Оила” бо нашри як видео хабар дод, ки Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов, вакили Маҷлиси валикони шаҳри Душанбе ва роҳбари ширкати сохтмонии “Сарманзил” боз ба як зани маъюб хона туҳфа кардааст.Бино ба гузориши “Оила” Фотима Мардонова маъюби гурӯҳи якум буда, солиёни зиёде дар зиндагӣ ранҷу азоб кашидааст. Ӯ аз модар солим ба дунё омада буд, вале дар натиҷаи як амалиёти ҷарроҳӣ аз пойи равон монда, маъюб гашт. Аз як тараф ранҷи беморӣ ва аз ҷониби дигар ғами бехонагӣ Фотимаро ҳамеша азият медод, вале билохира дуояш мустаҷоб гашта, дар моҳи шарифи рамазон Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов ба ин зани маъюб хонаи нави замонавӣ туҳфа кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button