Хабарҳо

ПЕШИ АҶАЛ БЕЧОРАЕМ… МАРГИ ПАИҲАМИ ДУ БАРОДАР ДАР ХУҶАНД

Дар шаҳри Хуҷанд дар байни 4 рӯз пайиҳам ду бародарро ба хок супурданд. Исломҷон Қосимов ҳамагӣ 43 сол ва Бобоҷон Қосимов 47 сол дошт. Марги паиҳами ду фарзанд нафақат падари ғамзадаи онҳо собиқадори милитсия Обид Қосимовро ғарқи мотаму андӯҳ кард, балки якбора ҷавонмарг шудани ду бародар ҳатто онҳоеро ҳам, ки Исломҷону Бобоҷонро намешинохтанд, сахт андӯҳгину дилреш кардааст.Марг аввал ҷони фарзанди хурдии Обид Қосимов Исломҷонро гирифт. Исломҷон соҳибкор буд. Баъди 4 рӯз бародари калонии ӯ Бобоҷон Қосимов, ки касби падарро пеш гирифта, дар мақомоти милитсия кор мекард, низ даъвати Худовандро лабайк гуфт ва тарки ин дунё кард.Маъмури Юсуфзод, журналисти тоҷики муқими Хуҷанд марги ин ду бародарро талафоти сангину нобаҳангом барои сулолаи дар ин гӯшаи шимоли Тоҷикистон маъруфи Қосимовҳо номид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button