Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

Роналду мотам дорад: ӯ аз бозӣ бо «Ливерпул» даст кашид

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Ҳамлагари “Манчестер Юнайтед” Криштиану Роналду бинобар фавти фарзанди навзодаш аз бозӣ бо тими «Ливерпул» даст кашид.

Ин тасмимашро хадамоти матбуотии дастаи «Манчестер Юнайтед» низ таъйид намудааст.“Оила аз ҳама чиз муҳим аст. Роналду дар ин гуна вазъият бояд дар канори оилааш бошад ва онҳоро дастгирӣ кунад. Роҳбарияти бошгоҳ тасдиқ мекунад, ки Роналду муқобили “Ливерпул” дар варзишгоҳи “Энфилд” ба майдон намебарояд», — омадааст дар иттилоияи хадамоти матбуотии ин бошгоҳ.Қаблан худи футболбоз аз марги фарзанди навзодаш хабар дода буд. Ин тифли навзод писар будааст.

«Бо таассуфи амиқ хабар медиҳем, ки тифли навзоди мо даргузашт. Ин бузургтарин дарди волидайн аст. Танҳо таваллуди духтар ба мо қувват мебахшад, ки ин лаҳзаро бо умед ва хушбахтӣ аз сар мегузаронем», — навишт Роналду дар сафҳаи иҷтимоии худ.

Маврид ба зикр аст, Роналду ва ҳамсари ӯ Ҷорҷина Родригес моҳи октябр хабар доданд, ки дар интизори фарзанд ҳастанд ва бояд соҳиби дугоник шаванд.

Куштигирӣ ва «чашмҷанг»-и Ҳабибу Роналду — видео

Вохӯрӣ байни бошгоҳҳои “Ливерпул” ва МЮ рӯзи 19 апрел, соати 23:50 ба вақти Душанбе дар шаҳри Ливерпул баргузор мешавад. Ҳоло тими «Манчестер Юнайтед» бо доштани 54 имтиёз дар ҷои 5-ум ва “Ливерпул” бо доштаин 73 имтиёз дар зинаи 2-юми ҷадвали ПЛА қарор доранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button