Хабарҳо

ҲАЛОКАТИ СЕ НАФАР ҲАНГОМИ ЧУКРИЧИНӢ ДАР КӮҲҲОИ РОМИТ ВА ВАРЗОБ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар рӯзҳои охир бар асари ҳодисаҳои нохуш ҳангоми чиндани чукрӣ дар кӯҳҳои Ромиту Варзоб се нафар ба ҳалокат расидаанд.Аз ҷумла субҳи 17 апрели соли 2022, соати 05:25, аз шуъбаи милитсияи шаҳри Ваҳдат ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар додаанд, ки ду сокини деҳаи Симиганҷ, ки яке 41 ва дуюмӣ 42 сол доштаанд, ҳанӯз рӯзи 12 апрел барои чукричинӣ ба кӯҳҳои атрофи Симиганҷ рафта, бо ҳамин бедарак шудаанд. Дар натиҷаи ҷустуҷӯ, ҷасадҳои ин ду сокини Симиганҷро дар болои кӯҳ дар даруни хаймаашон пайдо кардаанд. Бино ба фарзияи муқаддамотӣ, онҳо аз дуди оташе, ки шабона барои гарм кардани хаймаашон истифода мебурданд, ҷон бохтаанд.Ҳодисаи нохуши дуюм дар ҳудуди ноҳияи Варзоб рӯй додааст. Сокини 25-солаи ҷамоати Варзобқалъа барои чидани чукрӣ ба кӯҳ рафта, ба сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар дараи Очуқ ба ҷарӣ сарозер шуда, ба ҳалокат расидааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button