Хабарҳо

ПОИ ЛУЧ 21 КМ ДАВИД: ҚАҲРАМОНИ РӮЗ – МАРДИКОРИ ҲИСОРӢ ДАЛЕР РАҲИМОВ

Рӯзи 16 апрел дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон Ниммарафони XII байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин мусобиқа имсол дар баробари намояндагони Тоҷикистон ҳамчунин беш аз 10 варзишгар аз 7 давлати хориҷӣ, аз ҷумла 3 нафар аз Қирғизистон, 3 нафар аз Ӯзбекистон,2 варзишгар аз кишвари африқоии Кения, 3 нафар аз кишвари дигари африқоии Эфиопия ширкат варзиданд. Мусобиқа бо пирӯзии варзишгарон аз Кения ва Эфиопия анҷом ёфт. Аммо хабарнигори тоҷик Абдулло Гурбати бо нашри чанд акс навиштааст, ки барои ӯ қаҳрамони XII-умин Ниммарафони байналмиллалии Душанбе Далер Раҳимов ном мардикор аз шаҳри Ҳисор буд, ки бо вуҷуди рӯзадорӣ масофаи беш аз 21 километрро бидуни пойафзол, пои луч тай намуд. Дар аксҳои нашркардаи Абдулло Гурбати дида мешавад, ки Далер Раҳимов ҳатто либоси варзишӣ надорад ва пойафзоли сабуки тобистонаашро (ӯ дар пой рӯзи дав шлёпка доштааст) дар дастонаш андохта, давида истодааст. Бино ба иттилои Абдулло Гурбати, раёсати кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Душанбе ваъда додааст, ки ба Далер Раҳимов шиму костюми нав ва як ҷуфт либосҳои варзишӣ тақдим мекунад ва ӯро дар кумитаи ҷавонон расман ба кор қабул мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button