Хабарҳо

ВИДЕОИ ДУЗДИИ 40 ҲАЗОР ДОЛЛАР (!!!) АЗ ЯК МАҒОЗА ДАР ФАРХОР

ВКД Тоҷикистон дар шумораи навбатии барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” видеои ду наврасеро нашр кард, ки бо иттиҳоми дуздии беш аз 40 ҳазор доллар аз як мағоза дар ноҳияи Фархор боздошт шудаанд. Яке аз гумонбарон 18 ва дуюмӣ ҳамагӣ 17 сол доранд.Дастгиршудаҳо Раҳматов Бахтиёр, соли таваллудаш 2004 ва Файзализода Фирдавс, соли таваллудаш 2005, сокинони деҳаи Деҳқонободи ноҳияи Фархор мебошанд.Фирдавс Файзализода дар ин гузориш кори онҳо будани ин дуздиро эътироф кард ва гуфт: “Маблағҳоро гирифта, байни худ тақсим кардем ва баъд ҳар кадом ба хонаҳои худ рафтем”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button