Хабарҳо

ДУ ТОЛИБИЛМИ ЛИТСЕЙИ ХУҶАНД СОҲИБИ 300 ҲАЗОР ДОЛЛАР ГРАНТ ШУДАНД

Амирбек Зокиров ва Самандар Самандаров — толибилмони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар озмунҳои навбатии донишгоҳҳои Амрико ва Швейтсария ғолиб шуда, соҳиби 300 ҳазор доллари амрикоӣ гранти омӯзишӣ гардиданд. Бо дарёфти грантҳои омӯзишӣ ҳамакнун ин ду хонандаи болаёқат метавонанд дар Донишгоҳи Уолш (Walsh University)-и штати Огайои кишвари Амрико ва Донишгоҳи Франклини кишвари Швейтсария тариқи буҷавӣ таҳсил намоянд. Ин ду донишгоҳи маъруфи олам бо ирсоли мактуби расмӣ омодагии худро барои қабули хонандаҳои тоҷик эълон кардаанд. Тибқи иттилоъи Сурайё Негматова, директори Литсейи Хуҷанд, Амирбек Зокиров ният дорад дар оянда дар риштаи бизнес-идоракунӣ ва Самандар Самандаров дар риштаи IT — технология таҳсил кунанд.Ин дастоварди аввалини хонандагони ин боргоҳи таълимӣ дар ин самт набуда, чанде қабл хонандаи и литсей Алишер Қосимов соҳиби Шоҳҷоиза — гранти омӯзишӣ ба маблағи беш аз 1 миллион доллари амрикоӣ дар 8 Донишгоҳи кишвари Амрико шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button