Хабарҳо

Амалиёти БДА: бартарафсозии тавақкуфи нодурсти воситаҳои нақлиёт

Дар заминаи омӯзиш ва баррасии пешниҳоду дархост ва арзу шикоятҳои шаҳрвандон оид ба дағалона вайрон намудани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагони автомашинаҳои мусофиркашони «такси» аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе рейду амалиётҳои санҷишӣ дар кӯчаву роҳҳои пойтахт баргузор гардида истодааст.
  Чуноне аз муроҷиатҳои шаҳрвандон ва натиҷаи баргузории амалиёти мазкур бармеояд, мутаассифона ронандагони автомашинаҳои сабукрави «такси» дар аксар маврид одитарин Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд. Дар қатори дуюму сеюм, дохилу назди истгоҳ, зери аломат ва ҳатто роҳи пиёдагард таваққуф намуда, дар баробари ба миён овардани тамбашавии сунъии воситаҳои нақлиёт, ҳамзамон боиси сар задани садамаҳои нохӯши нақлиётӣ мегарданд.
  Аз ҷумла, дар давоми ҳамагӣ 4-рӯзи баргузории рейду амалиётҳои санҷишӣ аз ҷониби кормандони бозрасӣ 485-ҳолати қоидавайронкуниҳои гуногун, махсусан таваққуфи нодуруст муайяну ошкор карда шуда, нисбати ронандагони қонуншикан протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб ва ҷаримабандӣ карда шуданд.
  Вобаста ба ин, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз кулли ронандагон талаб менамояд, ки Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ба таври ҳатмӣ риоя намуда, бо амалу рафтори худ боиси бенизомӣ дар роҳ ва коста гаштани ҳусни пойтахт нагарданд. Ҳамзамон аз шаҳрвандон низ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми мушоҳидаи ҳама гуна қонуншиканӣ бетараф набуда, онро ба навор ва расм гирифта, ҷиҳати чораҷӯӣ ба мақомоти милитсияи пойтахт ирсол намоянд.

Якчанд далели таваққуфи нодурусти воситаҳои нақлиёт:

Солиев Шамсиддин Амирхонович – ронандаи автомашинаи тамғаи «КИА», рақами қайди давлатиаш 4920ТТ05, барои таваққуфи нодуруст;


Мақсудов Акмал – ронандаи автомашинаи тамғаи «КИА», рақами қайди давлатиаш 1089ТТ09, барои таваққуфи нодуруст;


Нуров Далер Амирбекович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Равон», рақами қайди давлатиаш 2126TT09, барои таваққуфи нодуруст;


Ҳотамов Шозамон – ронандаи автомашинаи тамғаи «Равон», рақами қайди давлатиаш 1898TT09, барои таваққуфи нодуруст;


Қодиров Меҳроҷиддин Зафарович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай», рақами қайди давлатиаш 1932TT05, барои таваққуфи нодуруст;


Абдуллоев Рамазон Маҳмадович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай», рақами қайди давлатиаш 2136TT09, барои таваққуфи нодуруст;


Сайфиддини Вайсиддин – ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай», рақами қайди давлатиаш 1859TT09, барои таваққуфи нодуруст;


Қувватов Суҳбатулло Муҳиддинович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай», рақами қайди давлатиаш 2125TT09, барои таваққуфи нодуруст;


Нозимов Қурбоналӣ Талабович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай», рақами қайди давлатиаш 6042TT05, барои таваққуфи нодуруст;


Содиқов Фирӯз Муродалиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай», рақами қайди давлатиаш 4084TT05, барои таваққуфи нодуруст;


Ҳамидов Бурҳон Асламҷонович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай», рақами қайди давлатиаш 6185TT05, барои таваққуфи нодуруст;

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button