Хабарҳо

ХОНАНДАИ ЛИТСЕЙ АЗ ХУҶАНД САЗОВОРИ ГРАНТ БА МАБЛАҒИ ЯК МИЛЛИОН ДОЛЛАР ШУД!

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд аз қавли директори Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд Сурайё Неъматова хабар дод, ки хонандаи синфи 11-уми ин мактаб Алишер Қосимов дар озмунҳои Донишгоҳҳои Амрико дар соли 2022 иштирок намуда, соҳиби Шоҳҷоиза — гранти омӯзишӣ ба маблағи беш аз 1 миллион доллари амрикоӣ ва имтиёзи таҳсили ройгон дар 8 Донишгоҳи бонуфузи кишвари Амрико ва Шветсарияро ба даст овардааст. Донишгоҳҳои бонуфузи Амрико, аз ҷумла: Донишгоҳи Дрейк дар штати Айова, донишгоҳи Эмори ва Хенри дар штати Вирҷиния, донишгоҳи Вирҷинияи Ғарбӣ дар штати Вирҷиния, донишгоҳи Ла Верна дар штати Калифорния, донишгоҳи Аризона дар штати Аризона, донишгоҳи Гарднер Веб дар штати Каролинаи Шимолӣ, донишгоҳи Невада дар Лас Вегас ва донишгоҳи Франклин дар кишвари Швейтсария бо ирсоли мактуби расмӣ эълони омодагии қабули хонандаи тоҷикро тариқи буҷавӣ(ройгон) намуда, изҳори умед намуданд, ки ӯ ҳангоми интихоб донишгоҳҳои онҳоро қабул мекунад.Ин мактабҳои олӣ ба қатори донишгоҳҳои бонуфузи олам шомил шуда, 5 соли омӯзиш дар ҳар кадоми ин донишгоҳҳо аз 80 ҳазор то 170 ҳазор долларро ташкил медиҳад.Алишер Қосимов ният дорад, дар оянда духтур — ҷарроҳии асаб гардида, баъди хатми донишгоҳ ба Тоҷикистон баргардад ва баҳри рушди тибби тоҷик саҳм гузорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button