Хабарҳо

ҲОМИИ АСОСИИ ТОЛИБОН ИМРОН ХОН АЗ ҚУДРАТ БАРКАНОР КАРДА ШУД

Cарвазири Покистон Имрон Хон нимашаби 10 апрел, баъди 12 соати баҳсҳо дар парлумон аз тариқи эълони раъйи адами эътимод ё нобоварӣ аз мақом барканор карда шуд.Имрон Хон яке аз ҳомиёни асосии режими нави Толибон дониста мешуд. Ӯ аз давлатҳои дунё даъват мекард, ки ҳукумати нави сохтаи Толибонро ба расмият бишиносанд. Имрон Хон ба ин мақсад ба пойтахтҳои гуногун сафар мекард ва аз ҷумла моҳи сентябри соли 2021 ҳатто ба Душанбе ҳам омада буд. Имрон Хон баъди бозгашт аз Душанбе гуфт, ба президенти Тоҷикистон ваъда додааст, ки Толибонро ба музокирот бо Ҷабҳаи муқовимат ба раҳбарии Аҳмади Масъуд ва ҳам ба ташкили ҳукумати фарогир водор кунад. Вале бо вуҷуди гузашти беш аз ним сол Имрон Хон натавонист ин ваъдаҳои худро иҷро кунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button