АҲМАДҶОН МИРЗОКАРИМОВРО ДАР РУСИЯ БАРОИ ОДАМКУШӢ ҶУСТУҶӮ ДОРАНД

Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рузаеви ҷумҳурии Мордовияи Русия як марди 57-солаи зодаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми одамкушӣ таҳти ҷустуҷӯ қарор дода, аз сокинон барои пайдо кардани ӯ кумак хостааст.Дар эълоне, ки дар сомонаи расмии ВКД ҷумҳурии Мордовия нашр шудааст, гуфта мешавад, ки Мирзокаримов Амадҷон Муҳамадҷонович, соли таваллудаш 1965, зодаи деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Бохтар (ҳоло – Кӯшониён) -и вилояти Хатлони Тоҷикистон барои содир кардани ҷинояти одамкушӣ тибқи моддаи 105, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Русия, таҳти ҷустуҷӯ қарор дода шудааст.Дар бораи ин ки ин ҷинояти одамкушӣ кай ва чӣ гуна рӯй додааст?, пулиси Мордовия ягон тафсилот нашр накардааст.Бино ба омори расмии ФСИН – Хадамоти федеролии зиндонҳои Русия, то аввали соли 2021 дар зиндонҳои ин кишвар беш аз 7 ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистон адои ҳукм мекарданд ва беш аз 1200 муҳоҷири дигари тоҷик дар боздоштгоҳҳои Русия таҳти тафтиш қарор доштанд.