Хабарҳо

ҲАЛОКАТИ МУСОФИР ДАР НАТИҶАИ БА ДАРАХТ БАРХӮРДАНИ “МЕРСЕДЕС

”ВКД Тоҷикистон боз аз як садамаи марговар дар роҳҳои ҷумҳурӣ хабар дод. Бино ба иттилои ин вазорат, субҳи 4-уми апрели соли 2022, тахминан соати 08:20, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Саидов Хуҷандӣ Саидмуродович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Ваҳдат-Файзобод-Роғун”, дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст.Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Саидов Ҳабибулло Нуруллоевич, соли таваллудаш 1962, сокини деҳаи Чаманзори шаҳри Ваҳдат, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button