Хабарҳо

ДАРГУЗАШТИ ЖУРНАЛИСТ АНДРЕЙ БАБИТСКИЙ – ФАРЗАНДИ СИТОРАИ СИНАМОИ ТОҶИК МАРАТ ОРИПОВ

Журналисти шинохтаи рус Андрей Бабитский шаби 1 апрел дар манзилаш дар шаҳри Донетск вафот кардааст. Ӯ 57 сол дошт. Дар бораи иллати марги Андрей Бабитский чизе гуфта нашудааст. Андрей Бабитский фарзанди ҳунарпешаи шуҳратёри синамои тоҷик Марат Орипов ва сенариянавис Зоя Бабитская буд. Ӯ 26 сентябри соли 1964 дар шаҳри Маскав ба дунё омадааст, вале давраи кӯдакиаш чандин сол дар Душанбе зиндагӣ карда, дар ҳаминҷо ба мактаб рафтааст. Бабитский баъдан риштаи филологияи Донишгоҳи Маскавро хатм кард. Ӯ аз соли 1989 то 2014, дар тӯли 25 сол дар Радио Свобода кор кард ва бо гузоришҳои пурҷасорати худ аз манотиқи ҷангзада, аз ҷумла аз Афғонистон ва бахусус Чеченистон ном бароварда буд.Марианна Арипова, хоҳари Андрей Бабитский дар марги бародараш дар Фейсбук навишт: “Алвидоъ, бародари ҷасурам. Ту барои ҳам ҳамешаи улгуи журналист хоҳӣ буд – поквиҷдон, одил, гузаштнопазир, пуристеъдод ва Ҳирфаӣ бо ҳарфи бузург. Хелеҳо бояд аз ту чизҳои зиёдеро биомӯзанд! Чӣ ҳайф, ки ин қадар барвақт рафтӣ … Худованд раҳматат кунад!”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button