Хабарҳо

БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН СЕ ХАТСАЙРИ НАВИ АВТОБУС КУШОДА ШУД

Байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 3 хатсайри нави автобус кушода шуд, — хабар додааст вазорати нақлиёти Ӯзбекистон дар Телеграм.Бино ба ин манбаъ, ширкати “Ҳолдинги Азия Групп Тоҷикистон” аз 2 апрел равуои озмоишӣ ба чанд шаҳри Ӯзбекистонро шурӯъ мекунад. Хатсайрҳои ҷадид Душанбе, пойтахти Тоҷикистонро бо шаҳрҳои Тирмиз ва Деҳнави вилояти Сурхондарё ва Панҷакентро бо Самарқанд мепайванданд.Масофаи байни Дқушанбе ва Тирмиз 252 километр буда, автобус мусофиронро дар муддати 5 соати 40 дақиқа ба Тирмиз мерасонад. Аммо барои расидан то Деҳнав, ки аз Душанбе дар фосиали 107 километр ҷойгир шудааст, 2 соати 25 дақиқа лозим мешавад. Масофаи байни Панҷакент ва Самарқанд 64 километр буда, тӯли сафар 1 соату 25 дақиқаро ташкил медиҳад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button