Минтақа ва ҶаҳонҲуқуқи инсон

Ҳалокати 8 сарбози посдори сулҳи СММ дар Конго

Намояндагони Созмони Милали Муттаҳид ва Покистон рӯзи 29-уми март гуфтанд, ки ҳашт сарбози посдори сулҳи созмон ҳангоми маъмурият дар Ҷумҳурии Демократии Конго ҷон бохтанд.

Сухангӯи дабири кулли СММ марги онҳоро тасдиқ кард ва шаҳрвандии қурбониёнро эълон дошт. Ӯ гуфт, шаш нафари онҳо покистонӣ, як рус ва як серб буданд.

Чархболи сарбозони посдори сулҳ 28-уми март афтодааст.

Артиши Покистон гуфт, чархбол дар як маъмурияти иктишофӣ буд ва то ҳол сабаби дақиқи афтоданаш мушаххас нашудааст. Сарвазири Покистон Имрон Хон ҳамдардӣ баён кард.

Мақомоти низомии Конго гуфтанд, шӯришиёни M23 чархболро «нишон гирифтаанд». Ин гурӯҳ иттиҳомро рад кард ва баръакс иддао намуд, ки артиши Конго масъули суқути чархбол аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button