Хабарҳо

ҶАСАДИ ПАРВИЗ ЭШНАЗАРОВ ДАР РУСИЯ ДАР МОРГ АСТ. ХЕШУ ТАБОРАШРО МЕҶӮЯНД

Дар Интернет аксҳои муҳоҷири ҷавон аз Тоҷикистон Эшназаров Парвиз Абдуназарович, санаи таваллудаш 23 декабри соли 1990 нашр шудааст. Дар эълон гуфта мешавад, ки ин ҷавон дар Русия ба сабаби номаълуме вафот кардааст ва ҷасадаш ягон 10 рӯз боз дар морги шаҳри Лосино-Петровскийи вилояти Маскав қарор доштааст. Ин шаҳр дар тақрибан 35-километрии шарқи Маскав (тавассути Шёлковское шоссе) ҷойгир шудааст.Аз наздикон ва дӯстони Парвиз Эшназаров хостаанд, ки ҷасади ӯро гирифта, худ ба хок бисупоранд, вагарна ӯро дар морг крематсия мекунанд, яъне месӯзонанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button