Хабарҳо

ҲУКМИ ЯК МУҲОҶИРИ ТОҶИК, КИ БО ЯК НОМИ ДИГАР 4 БОР БА РУСИЯ САФАР КАРД

Додгоҳи ноҳияи Погари вилояти Брянски Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро бар асоси қисми дуюми моддаи 322 Кодекси ҷиноятии ин кишвар дар 4 мавриди убури ғайриқонунии марзи Русия гунаҳкор шинохт ва ба як соли маҳбаси сукунатӣ (колония-поселение) маҳкум кард. Маркази матбуоти додситонии вилояти Брянск рӯзи 25 март хабар дод, ки ин муҳоҷири тоҷик дар додгоҳ убури ғайриқонунии марзи Русияро пурра ба гардан гирифт. Ӯро моҳи октябри соли 2021 мақомоти марзбонии ФСБ вилояти Волгоград дастгир карда буданд.Додситонии Брянск дар шарҳи ин парванда гуфт: “Тавре додгоҳ муайян кард, ин нафар аз соли 2016 то 2021 ҳарчанд медонист, ки ӯро аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум кардаанд, ному насаби худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз карда, соҳиби шиносномаи нав шуд ва бо он чанд дафъа аз гузаргоҳҳои гуногуни марзӣ вориди қаламрави Русия шуд”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button