Хабарҳо

ШИКОЯТИ СОКИНИ ХУҶАНД АЗ РОНАНДАИ ДАҒАЛУ ҲАВОБАЛАНДИ МАРШРУТКАИ №106А

Фарҳодҷон, як сокини Хуҷанд бо ирсоли ду акс ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз рафтори ронандаи маршруткаи №106А бо номи Илҳомҷон шикоят кард.Бино ба нақли вай, ҳамсару келинаш рӯзи 21 март ҳангоми бозгашт аз бозори “Атуш” бо маршруткаи №106А дучори рафтори ҳавобаландонаю дағалонаи ронанда шудаанд.“Ман як корам баромад ва ба онҳо гуфтам, ки ба ягон маршрутка ё такси савор шуда, баргарданд. Онҳо аз қазо ба ҳамин маршруткаи Илҳомҷон ном ронанда нишастаанд. Дар роҳ ронанда суръатро хеле баланд бардоштааст ва ҳамсари ман ба ӯ эрод гирифтааст, ки суръаташро каме паст кунад, чунки келини мо ҳомила аст. Ронанда ба ғазаб омада, суръатро якбора паст кардааст ва давом роҳ бо суръати 10 то 15 километр дар соат мошинашро рондааст. Вақте ҳамсари ман эрод гирифтааст, ки инҷо дигар мардум ҳам рафта истодаанд, ин чӣ масхарабозӣ? Ронанда бо қаҳр мошинашро манъ карда, пули роҳкироро ба рӯи ҳамсараму келинамон партофта, онҳоро маҷбур кардааст, ки дар ними роҳ, дар гардиҳи Кулангир аз мошин фароянд. Ба касе шикоят кунед, кардан гиред! – гуфтааст вай ба тарафи ин ду зане, ки дар ними роҳ партофта, рафт”, – нақл мекунад Фарҳодҷон.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button