Хабарҳо

АТРИ ФАРЗОНАИ ХУРШЕД БА БОЗОР МЕДАРОЯД

Фарзонаи Хуршед, овозхони ҷавони тоҷик бо нашри як видео дар Инстаграм ва ТикТок хабар дод, ки атре, ки махсус бо номи ӯ сохта шудааст ва “Shady” (“Шейди”) ном дорад, ба бозор медарояд.Атри “Shady by Farzona Khurshed” (“Атри соядор аз Фарзонаи Хуршед”), ба гуфтаи худи овозхон, дар Фаронса сохта мешавад.“Алҳамдулиллаҳ, атри ман дастраси мухлисон хоҳад шуд. “Shady by Farzona Khurshed”. Ин чӣ хушбахтист, ки ба номи ту дар Фаронса атр месозанд. Алҳамдулиллаҳ, ки ба ин рӯзҳо ҳам расондам Аллоҳ!”, навиштааст Фарзонаи Хуршед.Аммо дар видео Фарзонаи Хуршед дар бораи бӯи ин атр чунин мегӯяд: “Ин як атри ноёфтанӣ бо бӯи нотакрор аст. Ман, ки худам як духтари қавӣ ҳастам. Ин атр ҳам бӯи беҳад қавӣ дорад. Бӯи ором надорад”.Нархи атри ба номи Фарзонаи Хуршед сохташударо ҳанӯз эълон накардаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button