Хабарҳо

ФОЛБИНИ №1-И ДУШАНБЕРО БАРОИ МАРДУМФИРЕБӢ ҶАРИМА БАСТААНД

Маркази матбуоти РВКД Душанбе хабар дод, ки Гадоева Шамсия Файзуллоевна, соли таваллудаш 1966, истиқоматкунандаи ш. Душанбе кӯчаи Ҳ.Шерозӣ бо ҷурми фолбинӣ ба маблағи 2560 сомонӣ ҷарима баста шудааст.“Машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ яке аз амалҳои нописандидарин ба шумор меравад. Мутаассифона новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ ҳастанд нафароне, ки ба чунин амал машғул шуда, бо роҳи фиреб аз шаҳрвандон маблағ мерӯёнанд”, — гуфта мешавад дар иттилоия.Аз ҷумла кормандони милитсияи пойтахт зимни як амалиёт муайян кардаанд, ки шаҳрванд Гадоева Шамсия ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ машғул аст.“Номбурда худро ҳамчун табиби халқӣ муаррифӣ намуда, вале дар асл бо истифода аз ҳар гуна ашё ва ҷисмҳои карахт ба мардумфиребӣ машғул мебошад. Дар ҷараёни амалиёт зимни азназаргузаронии манзили истиқоматии номбурда як қатор ашёи барои сеҳру ҷоду истифодашаванда ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуданд.Таассуфовар аст, ки баъзе аз шаҳрвандон ба чунин афрод бавар карда, ба ҷойи муроҷат ба тибби муосир аз чунин мардумфиребон дармони дард меҷӯянд”, — омадааст дар иттилоияи милитсияи Душанбе. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Гадоева Шамсия Файзуллоевна барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ бо моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба андозаи 40-нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 2560-сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуд. Ҳамзамон ӯро огоҳии қатъӣ додаанд, ки минбаъд ба чунин амали мардумфиребона машғул нашавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button