Хабарҳо

ПАДАРУ ПИСАР АЗ РӮДАКӢ ДАР БАДАХШОН ТӮЪМАИ ТАРМА ШУДАНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 12 март дар натиҷаи фаромадани тарма ду садама рух дода, дар яке аз ин садамаҳо ду нафар – падару писар ҷон бохтаанд.Бино ба иттилои ин ниҳод, рӯзи 12 март, дар километри 693-юми роҳи Хоруғ — Мурғоб, дар мавзеи Ғунди ҷамоати Ванқалъаи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар натиҷаи фаромадани тарм як мошини боркаши тамғаи “Дулайн” ба дарёи Ғунд сарозер шудааст. Дар натиҷа ронандаи мошин, сокини 63-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ва мусофири 40-сола, ки писари худи ронанда будааст, дар ҷои ҳодиса ҷон додаанд. Ҷасадҳои ҳардуро аз дарё берун кашида, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.Ҳамон рӯзи 12 март, тақрибан соати 13:30, дар километри71-уми роҳи Душанбе-Варзоб ҳангоми ҳаракат аз сӯи Хуҷанд ба тарафи Душанбе мошини боркаши тамғаи «Мерsедеs DAF» таҳти идораи сокини 45-солаи Ҳисор зери тарма монда, ба ҷарии чуқуриаш 100 метр сарозер шуд. Наҷотбахшони дар ин шоҳроҳ навбатдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва кормандони ширкати IRS ба ҷарӣ фаромада, ронанда ва мусофирашро аз дохили мошин берун оварданд. Хушбахтона, онҳо зинда мондаанд ва ҳардуро ба бемористон интиқол додаанд.Чанд рӯз боз дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ҳамроҳ бо борону сел ва тармаву сангрез тохтутоз дорад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, фақат рӯзи 13 март дар ҳудуди ноҳияҳои Дарвоз ва Лахш 6 ҳолати сангрезӣ ба қайд гирифта шуда, дар як шабонарӯзи ахир дар роҳҳои Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим, Хоруғ — Мурғоб 36 тарма фаромадааст. Дар умум аз аввали соли ҷорӣ дар роҳҳои Тоҷикистон 257 ҳолати тармафароӣ сабт шудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, дар ҳоли ҳозир чандин роҳи кӯҳистонӣ, аз ҷумла Ванҷ — Рӯшон, Шуғнон — Хоруғ, Рӯшон — Бартанг, Хоруғ — Роштқалъа ва Хоруғ – Мурғоб ба далели рехтани тармаи зиёд баста мебошанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button