Хабарҳо

ФАРМОНИ №362: ТО СОЛИ 2023 ҲАМА НАМУДИ ТАФТИШИ СОҲИБКОРОН БАС КАРДА ШАВАД!

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16 март бо имзои фармони №362 фармон дод, ки “ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ то 1 январи соли 2023 мораторий эълон карда шавад”. Ӯ аз ҳукумат хост, то дар муҳлати як моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба фармони мазкур мутобиқ гардонад.Хадамоти матбуоти президент дар як шарҳи вижа гуфт, фармони Эмомалӣ Раҳмон дар бораи то соли 2023 таҳти мораторий қарор додани тамомши намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ “бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя, ташкили ҷойҳои корӣ ва кам намудани санҷишҳо ба тасвиб расидааст”.Гуфта мешавад, ки бар асоси фармони мазкур қонуни вижае таҳти унвони «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» қабул карда мешавад, ки он муносибатҳои вобаста ба мораторийи эълоншударо танзим мекунад. Ҳамчунин қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро муайян намуда, тартиби татбиқи мораторийро муқаррар ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои соҳибкориро ҳифз менамояд.Тибқи муқаррароти Қонун дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо амали муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ боздошта мешавад.Аз натиҷаи татбиқи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button