Хабарҳо

ШИРКАТИ РОҲИ ОҲАНИ КОРЕЯ ДАР ДУШАНБЕ МЕТРО МЕСОЗАД

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар сомонаи расмиаш хабар дод, ки санаи 14 марти соли 2022 дар ин вазорат маросими имзои ёддошти тафоҳум байни вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати миллии роҳи оҳани Корея оид ба сохтмони метро дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.Ёддошти тафоҳумро вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва аз ҷониби ширкати Роҳи оҳани миллии Корея, Раис — директори иҷроияи Роҳи оҳани миллии Корея, ҷаноби Ким Ҳангёнг ба имзо расонидаанд.Бунёди метро дар Душанбе яке аз ваъдаҳои пешазинтихоботии номзад ба президентӣ Абдуҳалим Ғаффоров дар интихоботи президентии соли 2020 буд. “Чун аҳолии пойтахт аз як миллион нафар убур кардааст,бояд дар Душанбе метро сохта шавад. Мувофиқи релефи шаҳр он метавонад дар баъзе ҷойҳо метрои рӯизаминӣ ҳам бошад”, гуфта буд Ғаффоров.Мақомоти шаҳри Душанбе ба дунбол гуфтанд, ки бунёди метро, асосан метрои рӯизаминӣ дар Нақшаи генералии рушди пойтахти Тоҷикистон дарҷ шудааст. Тибқи ин нақша, бояд сохтмони метро аз соли 2025 сар шуда, аввалин хаташ соли 2040 ба кор дарояд. Интизор меравад, ки хатти якуми метрои Душанбе аз рӯи замин аз назди дарвозаи ҷанубии пойтахт (роҳи тарафи вилояти Хатлон, мавзеи “Автосентр”) то ба маҳаллаи Гулистон (Сирк) кашида шавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button