Хабарҳо

СОАТИ ЯКИ ШАБ АЗ МАҒОЗАИ “МУСТАФО” 28 ҲАЗОР СОМОНИРО ДУЗДИДААНД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани як ҷинояти дуздӣ дар пойтахт хабар дод. Бино ба иттилои расмӣ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-сола ва ноболиғи 17-солаи сокинони пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.Номбурдагон, шаби 21 ба 22-юми январи соли 2022, тахминан соати 01:00 бо роҳи пинҳонӣ ба мағозаи «Мустафо», воқеъ дар кӯчаи С.Шерозии пойтахт, ки ба ҷавони 22-сола тааллуқ дорад, даромада, аз он ҷо 28 ҳазору 360 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Ба яке аз дастгиршудагон аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад. Дуюмиро ба сабаби ноболиғ буданаш ба эҳтимоли ғолиб равонаи мактаби кӯдакони душвортарбия хоҳанд кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button