Хабарҳо

КИТОБИ НАВИ ИСФАНДИЁРИ НАЗАР БО НОМИ “ПАРАНДАҲО ДУРӮҒ НАМЕГӮЯНД” ДАР ЭРОН ЧОП ШУД

Дар Теҳрон тозатарин асари шоири Тоҷикистон устод #Исфандиёри_Назар таҳти унвони «Парандаҳо дурӯғ намегӯянд» аз сӯи нашриёти Туранҷистон чоп ва равонаи бозори китоб шуд.Дар ин гузида, ки бо шуморагони 800 нусха ва дар 170 сафҳа чоп шуда аст, намунаҳое аз ашъори кӯтоҳ ва ҳойкувораҳои шоирро мехонед, ки дар давраҳои мухталиф навишта шудаанд.Ин дувумин асари ҷаноби Исфандиёр аст ки дар Теҳрон мунташир мешавад. Соли гузашта баргузидаи ашъори ӯ бо номи «Хокистарему сард» бо саъй ва эҳтимоми устод Абдулризо Чароғӣ дар Теҳрон нашр шуда буд.Исфандиёри Назар 25-уми ноябри соли 1971 дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнии вилояти Суғд, ба дунё омада, соли 1996 риштаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аввалин маҷмӯи ашъори Исфандиёри Назар ҳанӯз дар замони донишҷӯияш бо номи “Руҷӯи Исфандиёр” соли 1993 нашр шуда буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button