Хабарҳо

ДАР ТУРКМАНИСТОН ПИСАР БА ҶОИ ПАДАР ПРЕЗИДЕНТ ШУД

Бори аввал дар таърихи муосири Осиёи Марказӣ нақшаи деринтизори интиқоли қудрат аз падар ба писар сурат гирифт: дар интихоботи пеш аз муҳлати президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадови 40-сола, писари ягона ва вориси курсии президенти кунунии Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов бо касби қариб 73% овозҳо ғолиб эълон шуд. Аз 8 рақиби ӯғ овози аз ҳама бештар: 11,09 фоизро муовини ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш Хидир Нуннаеви 44сола ба даст овард. Ҷои сеюм бо 7,22 фоизи овозҳо насиби муовини ҳокими вилояти Марв Оқоҷон Бекмуродов шуд. 6 номзади дигари сабтиномшуда аз 1 то 2 фоиз овоз гирифтанд. Вале аз пеш маълум буд, ки ин 8 номзад танҳо ба хотири “алтернативӣ” ҷилва додани интихобот ва додани машрӯияти бештар ба пирӯзии номзади асосӣ сабти ном шудаанд.Ба ин тартиб, Сардор Бердимуҳаммадов ба ҷои падараш барои 7 соли оянда президенти Туркманистон, ин кишвари саршор аз конҳои нафту гази Осиёи Марказӣ интихоб шуд.Падари ӯ Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, ки аз соли 2007 роҳбари Туркманистон буд, бештар бо амалҳои аҷибу ғарибу худбинонааш, мисли пианинову гитар навохтану бо набераҳояш сурудҳои эҷодкардаи худашро хондан, машқи варзиш дар толори фитнесаш ваё ба сарбозони нирӯҳои вижа (спетсназ) ёд додани тирпарронию кордпартоӣ дар зеҳнҳо нақш бастааст. Ҳанӯз рӯшан нест, ки оё писари ӯ Туркманистонро аз кадом роҳ пеш хоҳад бурд?

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button