Хабарҳо

ҒОРАТИ ЯК САРТАРОШХОНА ДАР ПОЙТАХТ ВА ЧАНД МАҒОЗА ДАР ЁВОН

Ду сокини пойтахт, ки қаблан яке дар Тоҷикистон ва дуюмӣ дар Русия барои дуздӣ суд шудаанд, ба он гумонбар мешаванд, ки рӯзи 10 март аз сартарошхонаи як зани 44-сола 5 роҳаткурсии сартаршоӣ, як роҳаткурсии калон, лавозимоти сартарошӣ ва ҳатто видеокамераи мушоҳидавиро дуздида, дар умум ба соҳиби сартарошхона 20 ҳазор сомонӣ зарар расондаанд.ххххххххххСе сокини 17 ва 18-солаи ноҳияи Ёвон, ки дуи онҳо қаблан ҳам барои дуздӣ суд шудаанд, дар 12 ҳолати дуздӣ гумонбар мешаванд. ВКД гуфт, ин се наврас шабона, дару тирезаҳои мағозаҳоро шикаста, маводи хӯрока ва пул медуздиданд, ҳамчунин аз чанд мошин пулу флешкорт ва чизҳои дигарро ба яғмо бурда, дар умум ба мардум ба маблағи беш аз 20 000 сомонӣ зарар расондаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button