Хабарҳо

БОЗДОШТИ РУСТАМ ВА СӮҲРОБ ҲАНГОМИ ГИРИФТАНИ ПОРА

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 14 март аз анҷоми тафтиши пешакӣ ва бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ супурдани парвандаи Сӯҳроб Шарипов, мудири корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” (қаблан ин идора бо номи МБТИ маъруф буд) дар ноҳияи Вахш ва шарики ӯ Рустам Сатторов хабар дод. Онҳо бар асоси моддаи 247, қисми 2, бандҳои «б,в,г» Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба қаллобӣ аз ҷониби гуруҳи шахсон бо маслиҳатӣ пешакӣ ва бо истифода аз мансаб, ки боиси расондани зарари ҷиддӣ шудааст, айбдор мешаванд.Агентӣ гуфт, Шарипов Сӯҳроб Зарипович ҳамроҳ бо ҳаммаслаки худ Сатторов Рустам Сафарбоевич барои омода кардани шиносномаи техникии манзили истиқоматии шаҳрванд “А” ба масоҳати 0,08 га аз номбурда маблағи 5 000 сомонӣ талаб намудаанд. Вале “дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ аз ҷониби кормандони Агентӣ Шарипов ва Сатторов ҳангоми гирифтани маблағи 5 000 сомонӣ аз шаҳрванд “А” дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд”.Ҳоло ба Сӯҳроб Шарипов ва Рустам Сатторов барои қаллобӣ ҷарима ба андозати аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда = 64 сомонӣ, ё ҳудудан 5 доллар) ваё аз 2 то 5 соли зиндон бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол ё бидуни он таҳдид мекунад. Вале таҷрибаи додгоҳҳои Тоҷикистон нишон медиҳад, ки аксари мансабдорони бо пора бадастафтода бо пардохти ҷарима халос мехӯранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button