Хабарҳо

ИН ҲАМА ПУЛИ ХАЛҚ БУД….25 МИЛЛИОН ДОЛЛАР, 11 МОШИН ВА ЧАНДИН ҚАСРУ КӮШК: РӮЙХАТТИ ДОРОИҲОИ ВАЗИРИ АМНИЯТИ ҚАЗОҚИСТОН

Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон дар сомонаи расмиаш 23 акси пулу мошинҳо ва дигар молҳои қиматбаҳо ва қасру кӯшкҳои дар ҷараёни тафтиши парвандаи раҳбари собиқи ин кумита ва сарвазири собиқ Карим Масимов мусодирашударо нашр кард. Аз ҷумла, Масимов ҳангоми раиси Кумитаи амнияти миллӣ буданаш аз намояндагони як кишвари хориҷӣ барои як қарордоди махфӣ 2 миллион доллар пора гирифтааст. Ин пулҳоро, ки Масимов дар Ҳонгконг пинҳон карда буд, алакай ба Бонки миллии Қазоқистон баргардондаанд.Ҳамчунин Масимов ҳангоми сарвазир буданаш аз як ширкати тиҷоратӣ ҳамчун пора меҳмонзона ва қитъаи замин дар пойтахти Қазоқистонро, ки арзишаш ҳудуди 2,5 миллиард танга (қариб 5 миллион доллар) будааст, ҳанчун пора гирифтааст. Моҳи январи соли 2022 баъди боздошти Масимов аз ин меҳмонхонааш 17,2 миллион доллар пули нақд, ҳамчунин теъдоди зиёди молҳои қиматбаҳое, чун соатҳои тамғаҳои машҳур, хиштҳои тилло ва дигар молҳои антиквариатро пайдо ва мусодира кардаанд. Ҳамчунин 11 мошини мутааллиқ ба Карим Масимовро мусодира карда, ду манзили гаронбаҳои ӯ дар шаҳри Нур-Султон, ду манзил ва як қаср дар шаҳри АлмаАто, ҳамчунин як қитъаи замини масоҳаташ 1 гектарро дар соҳили кӯл дар минтақаи осоишгоҳҳои Шучинско-Боровское ба ҳабс гирифтаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button