Хабарҳо
ДАР ДУШАНБЕ “ЖИГУЛИ”-РО ДУЗДИДАНД, ДАР КӮШОНИЁН — МУҲАРРИКИ БАРҚИРО

Ду ҷавони 20-солаи сокинони ноҳияи Варзоб ва шаҳри Душанбе ба он гумонбар мешаванд, ки шаби 10 март, соати 00:30 мошини тамғаи “ВАЗ-2107”-и сокини 19-солаи ноҳияи Варзобро, ки дар назди хонаи истиқоматиаш беназорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда бурдаанд.ххххххххххДу ҷавони 17 ва 18-сола дар ноҳияи Кӯшониён ба он гумонбар мешаванд, ки рӯзи 10 феврал аз нуқтаи шустушӯи автомашинаҳо, воқеъ дар кӯчаи Кайҳоннавардон як муҳаррики барқиро дуздидаанд.