Хабарҳо

БОЗДОШТИ НАРКОБАРОН БО ЛАҚАБИ НУРУЛЛОИ КАФТАРБОЗ

Агентии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон аз боздошти як гуруҳи муташаккил ва фаромиллии қочоқбарони маводи мухаддир бо раҳбарии Нурулло Раҳимов, маъруф бо лақаби “Кафтарбоз” ва мусодираи беш аз 13 кило ҳашиш, афюн ва метамфетамин аз онҳо хабар дод. Дар хабар гуфта мешавад, ки “саркардаи гурӯҳи муташакил Раҳимов Нурулло чунин вонамуд сохтааст, ки бо истифода аз парвариш ва нигоҳубини паррандаҳо, ки гӯё ҷузъи асосии фаъолияти соҳибкории ӯ ба ҳисоб меравад ва ҳама даромадҳояш ба қавле аз ин ҳисоб сарчашма мегиранд, даст ба амалҳои хариду фурӯши маводи нашъадор мезадаст.” Ҳангоми боздошт дар моҳи феврал дар Душанбе “Кафтарбоз” бо худ таппончаи тамғаи “Макаров” доштааст, аммо “кормандони Агентӣ бо як ҳушёриву чолокӣ номбурдаро дастгир намуда, имкон надоданд то, ки муқобилият нишон дода, аз силоҳи оташфишон истифода намояд.”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button